83 иншооти ҷашнӣ дар ВМКБ
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сохта ба истифода додашудани 83 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст,- иттилоъ доданд аз дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, то рӯзи ҷашни 20- солагии Иҷлосияи XV1 таърихии Шӯрои Олӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии «Мотравн» дар ҷамоати Язгулом бо иқтидори 300 кВт, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обӣ дар маркази ноҳия бо иқтидори 1000 кВт, мактаб-интернат барои 640 нафар хонанда ва сохтмони як мактаби таҳсилоти умумӣ бо 12 синфхона барои 220 ҷойи нишаст дар назар аст. Дар вилоят ҳамчунин сохтмони маркази ҷавонон дар ноҳияи Рӯшон, беморхонаи касалиҳои сил дорои 45 кат, силсилаи сохтмони як қатор иншоот дар маркази нави ноҳияи Шуғнон- шаҳраки Ваҳдат, ҳамчунин сохтмони даҳҳо иншооти дигар, аз қабили марказҳои савдо, биноҳои маъмурӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд,-афзуд манбаъ.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






