Абдулло Тангриев аз Олимпиадаи Лондон маҳрум шуд
Душанбе, 17 июл. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Бӯриев).-Яке аз шинохтатарин пахлавони дзюдочии ӯзбек Абдулло Тангриев бар иллати истеъмоли афюн аз Бозиҳои олимпии Лондон- 2012 маҳрум карда шуд. Дар ин бора сомонаи Sport.fr хабар медиҳад. Абдулло Тангриев, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин баъди ташхиси тиббӣ -допинг контрол дар моҳи июни соли 2012 ба чунин муҷозот гирифтор шуд. Абдулло Тангриев соли 2011 дар вазни аз 100 кг зиёд унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, солҳои 2003, 2005 ва 2009 соҳиби ҷоизаи сеюми мусобиқоти ҷаҳонӣ гаштааст. Ӯ инчунин чемпиони панҷкаратаи Осиё дар гӯштии дзюдо мебошад. Дар се олимпиада иштирок карда, дар Пекин дар вохӯрии финалӣ аз ҷониби пахлавони ҷопонӣ Ситоси Оси мағлуб шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






