Афзоиши фурӯши молҳои озуқаворӣ дар соли 2012
Душанбе, 31 июл . (АМИТ «Ховар». Фирӯза Давлатова).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистсон ташкилотҳои савдои чаканаи ҳамаи моликият ва шахсони воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 4338,3 млн. сомонӣ мол фурӯхтаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2011 18,6 фоиз зиёд мебошад. Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши молҳо 48,8 фоиз ё 2117,1 млн. сомонӣ ва молҳои ғайриозуқаӣ 51,2 фоиз ё 2221,2 млн. сомониро ташкил додааст, иттилоъ доданд аз Агентии омори назди Президенти ҶТ. Дар моҳҳои январ-июни соли 2012 ҳаҷми умумиии гардиш дар моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 553,5 сомонӣ, ҳаҷми хизмати пулакӣ 4107,6 млн. сомонӣ ва корхонаю ташкилотҳои расмии ба қайд гирифташуда ба маблағи 1883,1 млн. сомонӣ хизмат расонидаанд, ки 45,8 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (20,6 фоиз), қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ (9,3 фоиз), орду нон (6,6 фоиз), сабзавот (4,1 фоиз), равғани растанӣ (4,5 фоиз), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиёти онҳо (11,6 фоиз), маводи бинокорӣ (10,7 фоиз), пойафзол (5,4 фоиз), молҳои телевизору радио (3 фоиз) рост меояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






