Афзоиши корхонаҳои саноатӣ

Июль 5, 2012 09:27

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар давоми 20 соли истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатии ин вилоят ба 289 адад расидааст, дар ҳоле ки дар соли 1991 дар вилоят ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошт. То соли 2000-ум боз 53 корхонаи дигари саноатӣ бунёд гардид. Дар давоми 20 сол корхонаҳои саноатӣ 4 маротиба афзоиш ёфтааст, ки он аз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Танҳо соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин вилоят ба 3 млрд.119 млн. сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда 42 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил дод. Дар 5 моҳи аввали соли 2012 ба маблағи 1 млрд.347 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Дар назар аст, ки дар давоми соли ҷорӣ боз 108 корхонаи хурду бузурги санатӣ бунёд гардад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии вилоят беш аз 60 ҳазор коргарон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Июль 5, 2012 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!