Афзоиши маҳсулоти саноати дар Восеъ
Кӯлоб, 13 июл. (АМИТ «Ховар»). С. Холов). — Дар ноҳияи Восеъ кормандони соҳаи саноат дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 27284,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиш 101,5 %- ро дар бар мегирад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Султон Валиев. Вай афзуд, ки дар ин давра дар ноҳия 539 тонна нахи пахта, 143 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 8266 тонна орд, 284 тонна равғани растанӣ, 1820 тонна кунҷора, 925 ҳазор дона хишти хом, 58 тонна ришта, 2930 тонна намаки ошӣ, 597 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 19 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 50 дал шароби ангур ва 5851 дал оби ҷав истеҳсол шуда, дастраси аҳолӣ гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






