Афзоиши пасандозҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ

Июль 3, 2012 10:10

Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд.   Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон бақияи пасандозҳо дар нимсолаи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, масалан, 39,5 фоиз ё 1 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба миқдори 15,82 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ ба миқдори 13,62 фоизи солона афзудааст.

Июль 3, 2012 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд