Афзоиши табии аҳолӣ
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-марти соли 2012 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 47,8 ҳазор кӯдакони навзоди дар мӯҳлатҳои тибқи қонун муайяншуда(бе назардошти сабти барқароркунии таваллуди солҳои гузашта) ва 9,3 ҳазор ашхоси фавтида, аз ҷумла 0,7 ҳазор кӯдакони синни то яксола фавтидаро ба қайд гирифтанд. Бақайдгирии кӯдакони навзод дар моҳҳои январ-марти соли 2012 қариб дар сатҳи ҳамин давраи соли 2011 нигоҳ дошта шудааст.Коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,4 ва 4,7 нафар рост омадааст.Бақайдгирии ашхоси фавтида дар моҳҳои январ-марти соли 2012-ум 9,3 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2011-ум 1,9 фоиз зиёд шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






