Агар хоҳед нарх дар бозор танзим шавад…

Июль 24, 2012 08:46

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» қарор қабул кард, ки тибқи он нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзиро барои ин давра тасдиқ намуд,- иброз дошт раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти С.Валиев, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 800 тонна сабзавот , аз ҷумла 9 ҳазору 700 тонна пиёз (аз он барои шаҳри Душанбе 4 ҳазор тонна), картошка 8 ҳазору 700 тонна (барои шаҳри Душанбе 2 ҳазору 600 тона), 1420 тонна меваи тару тоза, 2 ҳазору 500 тонна ғалла (гандум, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, наск, мош), ҳамчунин 1800 тонна маҳсулоти полезӣ ва беш аз 8 млн. 600 ҳазор қуттии шартӣ консерва захира карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 1800 тонна зиёд аст. Ин миқдор захира имкон медиҳад, ки дар тамоми фасли сол нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ то як андоза танзим гардад. — «Агар дар баробари тадбирҳои андешидаи кормандони ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ пеши роҳи ҷаллобону ҳаннотон аз тарафи идораҳои марбута дар тамоми бозорҳо гирифта мешуд, ҳоҷати қабули ҳар гуна қарори маҷбуран паст кардани нарх аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо зарурат надошт»,- иброз дошт коршиноси масоили иқтисодӣ Шодӣ Иззатуллоев.

Июль 24, 2012 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад