Анҷоми рисолати Кен Гросс дар Тоҷикистон

Июль 9, 2012 19:20

Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.   Кен Гросс низ дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт. Номбурда илова намуд, ки Сюзан Элиот- дипломати ботаҷриба, ки ба ҳайси муовини роҳбари Раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Департаменти давлатии ИМА фаъолият мекунад, ҷойгузини ӯ хоҳад шуд. Қобили қайд аст, ки Барак Обама- Президенти ИМА 11 апрели соли ҷорӣ номзадии Сюзан Элиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.

Июль 9, 2012 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард