Анвар Умаров соҳиби шоҳҷоиза гардид
Кӯлоб, 2 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Мӯъминобод бахшида ба 15 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 100 – солагии шодравон Мирзоавлиё Олимов — аввалин чемпиони Осиёи Миёна ва Қазоқистон чорабинии ҷумҳуриявии «Гӯштини миллӣ» доир гардид. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ ҷалб кардани ҷавонон ба варзиш, инчунин ширкат варзидан дар дигар мусобиқаҳои варзишии берун аз ҷумҳурӣ мебошад. Дар ҷараёни мусобиқа паҳлавонони варзида, ки ба ҷойҳои 1,2 ва 3 – юм сарфароз гардиданд, ба мукофотҳои пулӣ, молӣ, медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ қадр карда шуданд. Барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинӣ аз ҷониби фарзандони шодравон Мирзоавлиё Олимов ва паҳлавони шинохтаи ҶТ Нурулло Лоиқов шоҳҷоиза — автомашинаи сабукрави тамғаи «Леганза» барои беҳтарин паҳлавон омода карда шуд. Шоҳҷоиза насиби паҳлавони варзида аз ноҳияи Балҷувон Анвар Умаров гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






