Б. Муҳаммадӣ: «Қазияи Хоруғро якҷоя бартараф мекунем»
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати сохторҳои амниятӣ ва низомии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, аз ҷумла Вазири корҳои дохилии ин кишвар Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро ба ҳузур пазируфт. Мулоқот доир ба қазияи чанд рӯз қабл дар Бадахшони Тоҷикистон бавуқӯъпайваста баргузор гашта, дар он ҷиҳати мустаҳкамтар намудани корҳои амниятиву низомӣ дар сарҳадҳои ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт. Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ — Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, аз ҷониби Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай амр шуда, то дар самти ҳарчи зудтар бартараф гардидани ноамнӣ дар Хоруғ мусоидат намоем. Номбурда афзуд, мардуми тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассос кӯмаки худро ба Афғонистон дареғ надошта буданд ва ҷониби Афғонистонро низ мебояд ба ҳар васила дар таҳкими амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи худ саҳим бошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






