Ба кор ҷалб намудани бекор дар Кӯлоб
Кӯлоб, 13 июл. (АМИТ «Ховар»). С. Холов). — Раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ва кордиҳандагон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 54 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузарониданд, ки дар онҳо 574 корхона ширкат варзида, 8942 ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карданд. Бино ба иттилои сардори раёсати мазкур Сайдаҳмад Пириев тавассути ин ярмаркаҳо 781 нафар ба касбомӯзӣ, 219 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 375 нафар ба кори доимӣ таъмин гардида, тибқи саҳомият 219 нафар шахсони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат ба мисли дигарон рақобат карда наметавонанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа ба кор таъмин шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






