Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко
Душанбе, 3 июл(АМИТ «Ховар»). Имрӯз, 3 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:Мўҳтарам Александр Григоревич! Бо камоли мамнуният табрикоти худро ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Белорус ба Шумо тақдим медорам.Кишварҳои моро робитаҳои қавии дўстона ва ҳамкориҳои самарабахш, инчунин кўшишҳои дуҷониба баҳри пойдории муносибатҳои тарафайн мепайванданд. Изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ривоҷу равнақ бахшида, онҳоро ҷавобгўи манфиатҳои бунёдии ҳар ду халқу давлат мегардонем. Мо азми қатъӣ дорем, ки барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳоямон тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳем.Дар ин рўзи фархунда ба Шумо, мўҳтарам Александр Григоревич, тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуда, ба халқи дўсту бародари Белорус сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






