Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба Чионг Тан Шангу
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чионг Тан Шангу барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷаноби Олӣ! Бо камоли мамнуният Шумо ва мардуми сулҳдўсти Ветнамро ба муносибати бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик менамоям. Боиси сарфарозист, ки тайи ин давраи сипаришуда бо саъю талошҳои дуҷониба муносиботи анъанавии Тоҷикистону Ветнам ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манфиати ду кишвар ва мардумони онҳо рушд меёбад. Мутмаинам, ки бо такя ба таҷрибаҳои мусбати гузашта, мутобиқи дастурамалҳои роҳбарикунандаи санади ҳамкориамон – Қарордод оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ аз соли 1999, мо метавонем муносибатҳои Тоҷикистону Ветнамро дар шаклҳои гуногун густариш диҳем. Фурсати муносибро муѓтаним шуморида, ба Шумо, Ҷаноби Президент, аз самими қалб сиҳатии комил, рўзгори нек ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ветнам – сулҳу субот ва шукуфоиро таманно менамоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






