Баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мактабӣ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 1 августи соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушоиши ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мактабии истеҳсолкунандагони ватанӣ баргузор мегардад. Дар ярмарка — намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ барои мактаббачагон дар маъраз ва ҳамчунин барои фурӯш гузошта мешавад. Дар назар аст, ки дар он корхонаҳои зерини шаҳри Душанбе бо пешниҳоди маҳсулоти худ иштирок меварзанд: ҶММ «Ёқут-2000» — шиму костюм, куртаҳои писарона, куртаҳои духтарона, курткаҳо, сарафанҳо, сумкаҳои мактабӣ ва галстукҳои гуногуни бачагона, ҶСП «Гулистон» — куртаҳои пахтагин, ҳамчунин либосҳои гуногуни бачагона ва духтарона, ҶММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» — либосҳои гуногуни мактабӣ, ҶММ «Пойафзоли чармӣ» — пойафзолҳо барои мактаббачагон.Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон ба ярмарка, ҳамчунин фурӯши молҳои конселярӣ, китобҳои мактабӣ ва дафтару лавозимоти дигар барои мактаббачагон бо ҷалби нашриёт, ҳамчунин мағозаҳои китобфурӯшӣ ташкил карда мешавад.Ярмаркаи мазкур ҳамарӯза аз соати 8-00 то 17 — 00 идома меёбад.Суроға: Маркази савдои ҶММ «Ёқут — 2000», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Валаматзода — 52. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






