Баррасии 40 масъалаи ҳаётан муҳим дар Шўрои ММ МО ҶТ
Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 июли соли равон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, 40 масъалаи вобаста ба рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мавриди баррасии аъзои Шўро қарор гирифтанд. Аъзои Шўро лоиҳаи Қарорҳои Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодек гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима ва тасдиқ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи Шўрои палатаи болоии парлумони кишвар соири масъалаҳои марбут ба сохти марзиву маъмурии ҷумҳурӣ матраҳ гардида, дар фарҷом рўзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки фардо 19 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






