Баррасии масоили энергетикӣ дар Душанбе
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 20 – уми июли соли 2012 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Котиботи Паймони Нерӯ баргузории 8 – умин ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷанубии кишварҳои аъзои Паймони Нерӯ дар назар аст.Тибқи Барномаи баргузории ин чорабинӣ имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати намояндагони Паймони Нерӯ бо роҳбари кулл Урбан Руснак баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






