Баррасии такмили қонунгузории бонкӣ дар Душанбе
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» чунин ном гирифтааст мавзўи сўҳбати мизи мудаввар, ки баргузории он 13 июли соли равон дар Душанбе дар назар дошта шудааст. Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он олимон ва мутахассисону коршиносони соҳа иштирок менамоянд. Интизор меравад, ки иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои рушди низоми қонунгузории бонкӣ, ташкилотҳои қарзии хурд, танзими ҳуқуқии бонкҳои тиҷоратӣ ва проблемаҳои марбут ба онро баррасӣ хоҳанд кард. Бояд зикр кард, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ моҳи марти соли 2009 бо Фармони Президенти мамлакат таъсис дода шуда, таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудани онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии он ба шумор мераванд. Марказ дар муддати фаъолияти на он қадар тўлонии худ бо Марказҳои миллии қонунгузории бархе аз кишварҳои дунё ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






