Баёни воқеият бозгӯи касбияти корманди ВАО

Июль 28, 2012 08:58

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи чорум аст, ки маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ дар маркази иттилооти васоити ахбори оммаи дохилию ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҳодисаи мудҳиши шоми 21 июли соли ҷорӣ бавуқӯъомада (куштори сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ генерал Назаров А. С.) ва амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ашхоси гунаҳкори саркаш дар ҷомеа овозаҳои зиёди беасосро рӯи кор овард. Аз ин ҳодиса ва овозаҳои атрофи он баъзе расонаҳои хабарӣ мехоҳанд ба манофеи ғаразнок истифода бурда, рейтинги худро баланд бардошта, бозори фурӯши рӯзномаи худро гарм созанд. Барои чунин расонаҳо на манфиати халқу миллат ва на арзишҳои умумиинсонӣ қадру қимате надоранд. Онҳо бо ахбори беасос ва ғаразноки худ вазъиятро муташанниҷтар гардонда, ба манофеи бадхоҳони давлату миллат кор мекунанд. Ба гунаи мисол, дар баъзе рӯзномаю сайтҳо баромади Раиси ВМКБ Қодири Қосим дар назди ҷамъомадагони майдони шаҳри Хоруғ, ҷиҳати аз тариқи мусолиҳатомез, дар доираи қонунҳои амалкунанда, ҳал намудани масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноятсодирнамуда суханони Раиси вилоят беибо таҳриф гардидаанд. Гӯё Қодири Қосим дар вазъи ба вуқӯъомада худро гунаҳкор ҳисобида, омодагии худро барои ба истеъфо рафтан эълон намудааст. Ҳоло он ки Раиси вилоят дар назди ҷамъомадагон қайд карданд: « Биёед, ҳоло тамоми нерӯи худро барои мӯътадил гардондани вазъият дар шаҳри Хоруғ ва дар ҷаҳорчубаи қонун ҳал намудани қазияи ба амаломада равона созем. Пасон муайян кунем, ки дар ҳодисаи рухдода кӣ гунаҳкор аст. Агар ман гунаҳкор бошам, омодаам ба истеъфо равам». Аз ин рӯ, ёдовар мешавем, ки рисолати асосии рӯзномаю рӯзноманигор ин ба ҷомеа расондани ахбори дуруст мебошад, на барангехтани иғвою нифоқ.   Маркази матбуотии Раиси ВМКБ

Июль 28, 2012 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!