Беҳбудӣ баъди муттаҳид шудани донишкадаҳо

Июль 13, 2012 14:15

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дастовардҳои илмии донишкада дар соли хониши гузашта назаррас буда, 4 нафар рисолаи докторӣ ва 17 нафар рисолаи номзади ҳимоя намуда, аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 13 китоби дарсӣ, 11 монография, 17 васоити таълимӣ ва 8 дастури таълимӣ ба чоп расидааст,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев.  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи муттаҳид намудани ду донишкадаи дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ-техникӣ-Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис дода шуд.Мувофиқи сохтори нав дар ДМИТ 6 факултет амал менамояд: молия ва қарз; ҳисобдорӣ ва омор; иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ; менеҷмент ва ҳукуқи молиявӣ; технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, ки аз рӯи 32 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд. Донишкада дорои 24 кафедра, аз ҷумла 18 кафедраи тахассусӣ буда, раванди таълимро дар шакли таҳсилоти рӯзона ва ғоибона аз рӯи дараҷаи бакалавр, мутахассис, магистр ва маълумоти олии дуввум роҳандозӣ менамояд. Таълим дар донишкада дар шакли буҷавӣ ва шартномавӣ бо забони давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.Бо мақсади истифодаи самараноки технологияи муосири таълим ва татбиқи он дар раванди таҳсил дар донишкада се бинои таълимӣ, 3 китобхона, ва 1 китобхонаи электронӣ, 10 лабораторияи компютерӣ, 1 кабинети лингофонӣ, 506 компютер, аз ҷумла 269 компютер бо шабакаи интернет пайваст шуда, 4 тахтаи электронӣ ва садҳо дигар воситаҳои техникии таълим мавриди истифода қарор дорад.Соли 2012 1258 нафар донишҷӯ донишкадаро хатм намуданд, ки 41 нафари онҳо соҳиби дипломи аълочӣ гардидаанд.Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли хониши 2012-2013 аз рӯи 27 ихтисос, ки 6 ихтисоси он соли аввал ба роҳ монда шудааст қабули довталабонро ба нақша гирифтааст. Соли хониши 2012-2013 донишкада қабули 23 нафар ҷавонону духтарони манотиқи дурдасти кишварро тибқи квотаи Президентӣ ба нақша гирифтааст.

Июль 13, 2012 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд