Бо Боинг -737 роҳ ба сўи Боку
Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» хати парвози тайёраҳоро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе ба роҳ монд. Нахустин парвози тайёраи Боинг-737 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 10 июли соли равон соати 7.30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку парвоз намуд. Мусофирон дар зарфи 2 соату 45 дақиқа аз Душанбе ба Боку расиданд. Арзиши чипта барои як мусофири хатсайри Душанбе Боку дар як самт 240 евроро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бо ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку ҳамкориҳои ду кишвари собиқ Шўравӣ –Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва соири бахшҳо густариш хоҳад ёфт. Роҳандозии парвози тайёраҳо дар масири Душанбе-Боку аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар остонаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифта, дар тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






