Боварӣ ба бонкҳо бештар шуд

Июль 6, 2012 09:51

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бақияи пасандозҳои бонкҳои ҷумҳурӣ то аввали моҳи июн 4,5 млрд. сомонӣ, ки муодили 950 млн. доллари амрикоӣ мебошад, ташкил дод,- иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Бонки миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, бақияи пасандозҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Зиёд шудани ҳаҷми пасандоз натиҷаи ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки дар асоси боварии пасандозкунандагон ба Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.То 1-уми июни соли ҷорӣ 39,5 фоиз ё 1 млрд. 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 2 млрд. 673,4 млн. сомонӣ ё 60,7 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки ин бозгӯ аз боварии шахсони воқеӣ ба бонкҳо нисбат ба солҳои 2000 -2005 мебошад. «Баробари он ки пули мардум аз тариқи пасандоз дар бонкҳо беосеб нигоҳ дошта мешавад, ба онҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) бо фоизи гузошташудаашон фоида ҳам меорад»,- иброз намуданд дар шӯъбаи пасандозу қарзи Бонки миллӣ.

Июль 6, 2012 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад