Боздиди Э. Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон

Июль 13, 2012 10:27

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон дидан карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ – Азгунтек ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии истифода аз манбаъҳои алтернативии нерўи барқ барои солҳои 2012-2020 бунёд ёфта, фаъолияти ибратбахш дорад. Дар он панелҳо ва дигар ҷузъҳои зарурӣ барои нерўгоҳҳои офтобию бодӣ истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, истеҳсоли саноатии чунин маҳсулот ва ба роҳ мондани истифодаи васеи он мутобиқ ба талаботи «иқтисоди сабз» ё худ пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мебошад. Зимни боздид аз Технопарки Сумгаит (STP) аён гардид, ки дар он таҷҳизоти гуногун ва қисмҳои эҳтиётии зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла ноқилҳои мухталиф, изолятор, панелҳои офтобӣ, шабакаҳои гармидиҳии офтобӣ, симҳои луч ва кабелҳои барқии пастшиддату баландшиддат барои истифода дар саноат ва рўзгор истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, ноқилҳои барқӣ аз алюминий ва мис истеҳсол шуда, барои он дар як сол то 50 ҳазор тонна алюминий истифода мешавад.Корхонаи Гринтек (Greentech) бошад, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ бунёд ёфтааст. Онҳо дар майдони 10 гектар истеҳсоли помидор ва дигар сабзавотро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, ҳар сол то 6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд. Чунонки зикр гардид, давоми сол танҳо 1,5 моҳ барои коркард ва омодасозии замин сарф мешавад ва тўли 10,5 моҳи дигар аз ин гармхонаҳо ҳосил мегиранд. Қисмати зиёди маҳсулот бо нархи гарон ба кишварҳои аврупоӣ содир карда мешавад.Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку, ҳамчунин Директори генералии ширкати амрикоии Сокар Фостер Вилер (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо ТРИВЕЛЛА-ро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ширкати мазкур омода аст, имконсанҷии техникӣ ва иқтисодии бунёди як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистонро анҷом диҳад. Интизор меравад, ки ин корхона бо сармоягузорӣ ва иштироки якҷояи Тоҷикистону Озарбойҷон бунёд ёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 13, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад