Бозгашти намояндаи Тоҷикистон аз Австрия
24 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- “Интихоботҳои демократӣ ва назорати баргузории онҳо”, таҳти чунин унвон дар пойтахти Австрия- шаҳри Вена конфронси байналмилалӣ баргузор шуд. Созмондиҳандаи ин чорабинии бузург, ки дар сатҳи баланд доир гардид, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ буд. Дар конфронс дар радифи 100 намоянда аз 49 кишвари дунё, ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон –роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳадафи конфронси байналмилалӣ баргузор намудани интихоботи озоду шаффоф дар асоси арзишҳои демократист. Иштирокдорони конфронс масъалаҳои марбут ба интихоботҳои демократӣ вобаста ба ўҳдадориҳои САҲА ва амалисозии он, назорати интихобот дар давраи то интихобот, дар рўзи интихобот ва баъд аз он, инчунин иҷрои тавсияҳои дар гузориши миссияи дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА дарҷ гардида ва муносибатҳои мутақобила бо давлатҳои иштирокчиро матраҳ намуданд. Намояндаи Тоҷикистон Абдуманнон Додоев роҷеъ ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2010-и Тоҷикистон гузориш дода гуфт, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба 25 тавсияе, ки аз ҷониби Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА пешниҳод гардида буд, кор бурда истодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






