Бозиҳои финалии Ҷоми президенти АФК дар Душанбе
Душанбе, 19 июл. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Бӯриев).-Тоҷикистон дар рақобат бо кишварҳои Қирғизистон ва Камбоҷа барои баргузор кардани бозиҳои ниҳоии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба пирӯзӣ расид ва акнун аз 24 то 30 сентябри соли равон дар пойтахти мамлакат, дар варзишгоҳи марказии шахри Душанбе бозиҳои финалӣ доир хоханд шуд. Дар ин бора имрӯз Кумитаи баргузории бозиҳои АФК қарор қабул кард. Аз ин пештар соли 2009 ҳам Тоҷикистон мизбони ин бозиҳо шуда буд ва дар шахри Турсунзода дастаи «Регар- ТадАЗ» дар вохӯрии ниҳоӣ бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 2 бар 0 ғолиб омада, маротибаи сеюм соҳиби ин Ҷом шуд.Қуръакашӣ рӯзи 31 июл дар шахри Душанбе баргузор мешавад ва шаш даста дар ду гурӯҳ байни ҳам қувва меозмоянд. Ғолиби гурӯҳҳо барои Ҷом дар бозии ниҳоӣ ширкат мекунад.Шарафи Тоҷикистонро чемпиони солҳои охир- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ҳимоя хоҳад кард. Ғайр аз дастаи «Истиқлол» инчунин «Дордой»-и Қирғизистон, «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа, «Тайван Пауэр»-и Тайван ва KRL FOOTBALL CLUB аз Покистон дар мусобиқаи мазкур ширкат менамоянд. Ғолиби бозиҳо бо 50 000 доллар ва дастаи дар финал мағлубшуда бо 25 000 доллари амрикоӣ сарфароз гардонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






