Бозиҳои олимпии тобистонаи «Лондон-2012»
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар»).-Охирин корҳо барои ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии тобистонаи «Лондон-2012» бо иштироки мухлисон сурат гирифт. Барномаи мазкур рўзи ҷумъа баргузор мегардад. Бинобар иттилои расонаҳои хабарӣ танҳо барои гузаронидани тамрин 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масраф мешавад. Дар чорабинӣ зиёда аз 10 ҳазор ҳунарманд бо либосҳои қадимӣ ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар майдон иштироки ҳайвонот ва паррандагони зиёд ба нақша гирифта шудааст. Коргардони намоишнома Денни Бойл мебошад. Дар сомонаҳои интернетӣ нақшаҳои махсус бо номи «Сюрприз махфӣ нигоҳ дошта мешавад» барои ҳифзи асрори ҷараёни баргузории намоишнома паҳн гардидааст. Маблағи умумии масрафи намоишнома 14,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.Тарҷумон Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






