Чаро номҳои кӯчаю хиёбонҳо такрор меёбанд?
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Баъд аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» дар ҷумҳурӣ номи теъдоди зиёди кӯчаю хиёбон, ҷамоату деҳот ва шаҳраку маҳаллаҳо иваз карда шуд. Дар бештар маврид ба ҷойи номҳои бегона номҳои зебою хушоҳанги тоҷикӣ интихоб гардидаанд. Дар баробари ин, номҳои зиёди кӯчаю хиёбонҳо такрор меёбанд, интихоби номи шахс бар ивази номҳои ҷуғрофӣ аз меъёр зиёд ба назар мерасад,- изҳор намуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймидинов.Д. Саймиддинов гуфт, ки бо қарори ҳайати мушовараи Кумита барои омӯзишу баррасии масоили марбут ба вазъи номгузории кӯчаву хиёбонҳо, ҷамоату маҳаллаҳо, шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз кумита Вазорати фарҳанг, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Баъди баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала пешниҳодҳои кумита дар иртибот ба вазъи номгузории кӯчаву хиёбон, ҷамоату маҳаллаҳо, шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо ба Хукумати ҶТ ирсол мегардад, таъкид намуд Д. Саймиддинов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






