Д. Саймуддинов: «Забони мо тоҷикӣ аст, на тоҷик!»
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Номи забони миллӣ мутобиқи меъёри Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ дар ҳама ҷо бояд дар шакли «забони тоҷикӣ» муаррифӣ гардад. Истифодаи номи забон дар шакли «забони тоҷик», ҳамчунон ки аз солҳои 20-30 то ба инҷониб истифода мешуд, таҳрифи номи забон дониста мешавад, иброз намуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Додихудо Саймуддинов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар иртибот ба ин мавзӯъ, кумита пас аз баррасӣ ва ташхиси забоншиносии унвони фанҳои таълимии «Забони адабии ҳозираи тоҷик», «Забони ҳозираи тоҷик» ва «Таърихи забони адабии тоҷик» барои иваз намудани номи фанҳои мазкур ба шакли дурусти номи забон, яъне «Забони тоҷикӣ» ба Вазорати маорифи кишвар пешниҳод ирсол намуд. Дар иртибот ба амалӣ намудани ин пешниҳод Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд, таъкид кард раиси Кумита.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






