Дар Бадахшон 30 нафар ҷинояткор нобуд карда шуд
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар»). — Чуноне ки иттилоъ дода будем, субҳи имрўз дар шаҳри Хоруғ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бо мақсади дастгир ва безарар гардонидани гурўҳи ҷиноятпешаи Айёмбеков Толиб ва дигар ашхосе, ки ба онҳо пайваста буданд, амалиёти махсуси низомӣ оғоз гардид.Хотиррасон менамоем, ки гурўҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо сарварии Аёмбеков Толиб солҳои тўлонӣ бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул буда, дар ин муддат чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла бандитизм ва дигар ҷиноятҳоро содир карда, шоми 21 — уми июли соли ҷорӣ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевичро бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонид.Дар натиҷаи амалиёти гузаронидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 40 нафар аъзои гурўҳи мазкур, аз ҷумла 8 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — ширкаткунандагони ин амали нангини ҷинояткорона дастгир гардида, 30 нафар ҷинояткор дар натиҷаи муқовимати шадиди мусаллаҳона нобуд карда шуд.Аз аъзои гурўҳи ҷиноятпеша зиёда аз 100 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуданд.Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёти махсус 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба ҳалокат расида, 23 нафар захмҳои гуногун бардоштанд.Аз байни аҳолии осоишта касе ҳалок ё захмӣ нашудааст. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






