Дар Бадахшон супоридани яроқу аслиҳаи ҷангӣ оғоз гардид

Июль 30, 2012 08:36

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ фаъолзанон ва имомони шаҳри Хорӯғ, ки мақсади таъмини оромӣ ва ободии кишварро доштанд, маъракаи супоридани яроқу лавозимоти ҷангӣ оғоз гардид. Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи маҳаллаи Заводи нони (Хлебзавод) шаҳри Хорӯғ, ки бидуни андеша ва гумроҳӣ яроқ ба даст гирифта, ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ба муқовимат бархоста буданд, бегоҳии 28.07. 2012 сол силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз қабили автомати Калашников, пулемёт ва дигар силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.Бояд ёдовар шуд, ки шахсоне, ки ихтиёран яроқҳои ғайрниқонуниро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мебошанд. Айни замон вазъ дар Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ором буда, аҳолӣ ба ҳаёти осоишта машғул аст. Ин иқдоми сулҳхоҳона, ки бо мақсади таъмини оромӣ ва субот дар ин минтақа равона гардидааст, аз боиси дастгирӣ буда, умед ба он дорем онҳое, ки силоҳҳои ғайриқонунӣ дар даст доранд, дар наздиктарин фурсат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд.

Июль 30, 2012 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад