Дари ибодат рўза аст
Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо 20 июл барои кулли мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Дар робита ба ин Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвими моҳи шарифи Рамазонро аз чоп баровард. Дар он дар радифи сураҳои Қуръони азимушшаън, инчунин нияти рўза ва дуои ифтор бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ дарҷ гардидааст. Тақвими мазкур аз ҷониби Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, он мутобиқ ба вақти шаҳри Душанбе тартиб дода шудааст. Дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз лиҳози вақт дар қиёс бо шаҳри Душанбе аз 4 то 20 дақиқа тафовут доранд. Ҳамзамон дар тақвим роҷеъ ба нисоби закот ва садақаи фитр матолиб оварда шудааст. Тибқи қарори Шўрои уламои кишвар нисоби закот ба миқдори 16 ҳазору 878 сомонӣ муайян гардидааст, ки аз он бояд 422 сомонӣ закот дод. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳар нафар ба қимати гандум 3 сомонӣ муайян шудааст. Садақаи фитр ба шахсе воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






