Дарёфти бангдона аз сокини пойтахт
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 Абдуллоев Пайрав Валиевичи 33 сола, сокини ноҳияи Восеъ, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд, ки ҳангоми кофтуков аз борхалтаи ӯ 3 килою 66 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин шаҳрванд Маҳмадрақибов Насим Сироҷиддинович, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови хонаи ӯ 306 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтиш идома дорад. Дар нимсолаи аввали соли 2012 аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 907 киллою 160 грамм маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Аз ин миқдор зиёда аз 56,4%-и онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мусодира намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






