Деҳаи Миденшор мақоми шаҳракро гирифт
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Номи деҳаи Миденшори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба Ваҳдат иваз гардида, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Дар робита ба ин аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ 19 июли соли равон ҷонибдорӣ намуданд. Мамадшо Илолов –раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ гуфт, ки ҳадафи асосии тағйири номи деҳаи Миденшор ба деҳаи Ваҳдат ва ба гурўҳи шаҳрак шомил намудани он тақвияти рушди инфрасохтори маркази ноҳия бо назардошти ҷавобгў набудан ба талаботи замон бинобар маҳдудият, ҷойгир будани бархе аз идораҳои маъмурии он дар деҳоти дигар, инчунин дар ҳолати садамавӣ қарор доштани биноҳои маъмурии он аст. Минбаъд деҳаи Миденшор, ки номаш ба Ваҳдат иваз гардида, мақоми шаҳракро гирифт, дар як вақт ҳамчун маркази маъмурии навтаъсиси ноҳияи Шуғнон маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






