Директори ТВ «Пойтахт» шудан мехоҳед?
Душанбе, 24 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе барои ноил гаштан ба вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт” муддати як моҳ — аз 25 июл то 25 августи соли равон озмун эълон менамояд. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд. Довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба озмун пешниҳод менамоянд, бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда бошанд. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатмнамуда афзалият дода мешавад. Хоҳишмандон имкон доранд бо телефонҳои 221-62-56 – бо шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар тамос бошанд. Тавре ки аз шўъбаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, синн дар озмун маҳдудият надорад. Озмун 30 август ҷамъбаст гардида, натиҷаҳояш муайян мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






