Довталабони Донишгоҳи тиббӣ зиёданд
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Соли ҷорӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 500 нафар довталаби хориҷӣ аз 15 мамлакати дунё ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин ифтихори донишгоҳ аст, аммо мо мувофиқи нақшаи қабул 150 ҷой барои довталабони хориҷӣ ҷудо кардаем, иброз намуд Убайдулло Қурбонов, ректори ин муассисаи таҳсилоти олӣ зимни нишасти матбуотӣ. Ба гуфти ректори донишгоҳ ҳар сол мувофиқи нақшаи қабул 1210 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки аз ин миқдор 560 ҷой буҷавӣ ва 640 ҷой шартномавӣ мебошад. Ҳамасола 540 ҷой мавҷуд буд, аммо имсол 20-тои дигар аз ҳисоби гурӯҳи шартномавӣ изофа гардид. Ба ҷойҳои муқарраршуда то 25-уми июни соли равон ба Комиссияи қабули донишгоҳ 2830 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






