Духтарони тоҷик футбол мебозанд
Душанбе, 20 июл. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Бӯриев).- Аз 19 то 28 октябри соли равон дар Урдун гузаронидани мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё байни бонувони то 19 сола дар гурӯҳи «В» дар назар аст. Дар он дастаҳои Эрон,Урдун, Фаластин ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба чунин мусобиқа меравад. То кунун дастпарварони Сулаймон Бобокалонов таҷрибаи бойи иштирок дар чунин бозиҳоро надоранд ва ин дар ривоҷи футболи бонувон қадами аввалин хоҳад буд. Дар марҳилаи аввали бозиҳои интихобӣ дар баробари футболбозони гурӯҳи «С», дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Бангладеш, дар гурӯҳи «С» Тайван, Мянмар, Филиппин ва Гонконг барои ду роҳхат аз ҳар гурӯҳ мубориза мебаранд.Марҳилаи дуввуми бозиҳо аз 1 то 9 декабр дар Ветнам доир хоҳад шуд. Қисмати ниҳоии чемпионати Осиё соли 2013 гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






