«Дурахшандагон» ба хориҷи кишвар мераванд
Душанбе, 6 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-40 нафар барандагони стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурахшандагон» дар сурати бомуваффақият гузаштан аз озмун ба Донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил фиристонида мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар», Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ дод.Мавсуф гуфт, ки озмун рўзҳои 10-11 июли соли равон дар пойтахт баргузор гардида, харҷи роҳкиро, иқомат, хўрок, таҳсил ва суғуртаи тиббӣ ба ҳар як донишҷў аз ҳисоби стипендияи мазкур пардохт карда мешавад. Алҳол тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 250 нафар донишҷўёни тоҷик дар Донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, назири Русия, Малайзия, Украина, Беларус ва Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Стипендияи мазкур моҳи июни соли 2009 бо иқдоми Сарвари давлат созмон дода шуда, ҳадафаш дастгирии толибилмони боистеъдоду хушсалиқа ва дорои ҷаҳонбинии васеи кишвар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






