Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Шамсов Н. Т. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м: Шамсов Нуриддин Тоҷиддинович ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҲои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 23 июли соли 2012 № 1303 ________________________________ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъин намудани Шамсов Н. Т. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м: Шамсов Нуриддин Тоҷиддинович Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 23 июли соли 2012 № 1304 ________________________________ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин намудани Бобозода Ғ. Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 26 июли соли 2012 № 1305 ________________________________ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҲои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) таъин намудани Насрединов И. Ҳ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м: Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҲои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 28 июли соли 2012 № 1306








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






