Фароғат дар Ромит

Июль 6, 2012 17:35

Душанбе, 06 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 5 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи коргарҷавонон»-и Ромит басти навбатии истироҳати тобистонаи тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. 
Истироҳати кӯдакони имконияташон маҳдуд аз 10 июн оғоз гардида, то 27 июл давом меёбад. Дар ин басти истироҳатӣ зиёда аз 100 нафар кӯдакон бо хӯроки гарм (3 маротиба дар як рӯз), ҷойҳои хоб ва дигар намудҳои хизмати иҷтимоӣ таъмин гардида, зери назорати роҳбарияту мураббиёни истироҳатгоҳ мебошанд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон (8 июл), дар истироҳатгоҳ дар ҳамкории сарпарастони соҳавии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Литсей-интернати махсуси  маъюбон, роҳбарияти мавсимии истироҳатгоҳ ва  Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуд, аз ҷумла дар намудҳои шашка, тениси рӯи миз, дастхобонӣ, бадминтон, сангбардорӣ, намудҳои зӯрхонаи эронӣ, билярд ва дигар намуди бозиҳои шавқовар гузаронида шуданд.
       Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони болаёқати ҷумҳурӣ бо саъю кӯшишу маҳорати баланд ғолибони мусобиқаҳои гуногун гардида, бори дигар тасдиқ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, чандин маротиб сабабгори бардошта шудани парчами Тоҷикистон шудаанд.
       Аъзои ҳакамон ғайрату матонати ҷавононро ба назар гирифта, ғолибонро сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо гардониданд.
 
 

Июль 6, 2012 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!