Гардиши 3,1 млрд. сомонии нақд дар муомилот
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Баҳри беҳтар намудани пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 5 фоиз ва 8 фоизи солона муқаррар гардид. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 20 июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай афзуд, ки ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои барномавӣ ба шумор меравад, то санаи 30 июни соли равон 3899,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 1,8 фоиз ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз (774,4 млн. сомонӣ) зиёд шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,1 млрд. сомониро ташкил намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






