Хабари фаврии ВКД ва КДАМ
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки хабар дода будем, рўзи 21 июли соли ҷорӣ, соати 17.30 дақиқа ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич — Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурўҳи муташаккили ҷиноӣ ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуд.Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ-Сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст.Айёмбеков Толиб ва ҳаммаслакони ў аз иҷрои талаби мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ карданд.Бояд гуфт, ки Айёмбеков гурўҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, дар давоми солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул шуда, чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм ва ғайраро содир намудааст.Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти беҳуда дар байни сокинони осоишта бо супориши Президенти мамлакат комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва улламои динӣ, фаъолони вилоят дар давоми се рўз бо Айёмбеков Толиб ва тарафдорони ў чандин маротиба вохўрда, пешниҳод намуд, ки силоҳҳоро ба замин гузошта, ҷинояткоронро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.Айёмбеков Толиб ин пешниҳодро қатъиян рад карда, баръакс ба гирдоварии ашхоси мусаллаҳи ҷиноятпеша оғоз намуд ва ба муқовимати мусаллаҳона шурўъ кард. Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Хоруғ оид ба дастгир кардани аъзои гурўҳи муташаккили ҷинояткор ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо субҳи 24 –уми июл амалиёти махсус оғоз гардид. Итминон дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Хоруғ ва вилоят чунин амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронро маҳкум намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.Мардуми кишвар дилпур бошанд, ки ҷинояткорон дастгир шуда, дар назди қонун ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






