Халъи силоҳ дар Хоруғ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар»).-Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, имрӯз вазъ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ комилан орому осуда буда, мардум ба ҳаёти осоишта ва кору зиндагии доимии хеш машғул мебошанд. Хушбахтона бо ҳидояту роҳнамоии як зумра занону модарон, пешвоён ва аҳли зиё, зумраи алоҳидаи ҷовонони кутоҳандеше, ки бо дасисаву ҷалби нафарони ҷиноятпеша ба даст силоҳ гирифта буданд, ихтиёран онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданд.Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, 30 июл дар натиҷаи бурдани чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ аз аҳолии ин минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, ба хусус даҳҳо мил автомати «Калашников», пулемёт, норинҷакҳо, гранатамёт, снарядҳо,туп, сару либоси ҳарбӣ, тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқҳои вазнини ҷангиву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин маводи доруворӣ, ки ҳангоми ҷароҳат бардоштан истифода карда мешавад, гирифта шуданд.Вобаста ба ин аз ҳама шаҳрвандон ва ба хусус ҷавонони бонанги шаҳри Хорӯг, ки бо роҳи фиребу нодуруст ба дасти онҳо яроқ додаанд, хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд ва бори дигар такрор менамоем, ки ихтиёран супоридани он кафили оромӣ дар ин минтақаи дурдасти кишварамон ва боиси аз ҷавобгарӣ озодгардидани шахси супоранда мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






