Хоҷагиҳо бо сертификат таъмин гардиданд

Июль 3, 2012 14:09

Кӯлоб, 3 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Ҷиҳати иҷроиши фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба аз навташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» — и Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб дар ин давра дар ҳамкорӣ бо маркази кадастри минтақаи Кӯлоб 242 адад хоҷагиҳои деҳқониро тибқи қарори раиси шаҳр таъсис дод, ки аз ин шумора 83 адади он бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шуданд. Бинобар иттилои раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб Рустам Бобохонов ҷиҳати сохтмони ҳар гуна иншоот 429 адад парвандаи заминсозӣ тайёр карда шуда, тибқи қарори раиси шаҳр ба онҳо замин ҷудо карда шудааст. Инчунин аз тарафи кумита ба 160 шаҳрванди дорои сохтмонҳои иншоот сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дастуру супориши Сарвари давлат дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014 баррасӣ гардида буд.

Июль 3, 2012 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд