Хонаи фарҳанг бунёд гардид

Июль 13, 2012 11:41

Хоруғ, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ бунёди Хонаи фарҳанг барои 150 ҷои нишаст анҷом ёфт. Ба гуфти мудири шӯъбаи сохтмонҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Муҳаббат Раҳматов бунёди биноро пудратчӣ — Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шодмон» моҳи августи соли 2011 оғоз намуда буд. Арзиши сохтмон 1,8 миллион сомонист. Дар дохили бино ба ғайр аз толор китобхонаи калон, маркази компютерӣ ва боз чанд утоқи дигар мавҷуданд.

Июль 13, 2012 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш