Ифтитоҳи боз як корхонаи нав дар Суғд
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ бо иқтидори солонаи 10 ҳазор м² аз ҷониби ҶДММ «Ҷобири Собир» ба фаъолият шурӯъ намуд. Сохтмони ин коргоҳ соли 2011 оғоз гардида, пас аз ворид намудани таҷҳизоти технологӣ аз Ҷумҳурии мардумии Хитой васлу насб гардид. Гуфта мешавад, маблағи сармоя 200 ҳазор долларро ташкил дода, корхона бо истифода аз конҳои оҳаксанги мармаршудаи «Далёни боло», «Такелӣ» ва «Навобод» истеҳсоли тахтасанг ав дигар маснуоти ороиширо ба роҳ мемонад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






