Ифтитоҳи хатсайри нави Душанбе-Боку-Душанбе
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Боева). — Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хатсайри нави Душанбе-Боку-Душанберо ифтитоҳ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд.Тибқи иттилои манбаъ, парвозҳо ба пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. Интизор меравад 10-уми июли соли ҷорӣ парвози нахустин дар масири Душанбе- Боку — Душанбе анҷом гирифта, парвозҳо тавассути ҳавопаймои Боинг-737 амалӣ мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






