Имону инсофро фаромўш насозед!
Душанбе, 26 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Дар зарфи моҳи мубораки Рамазон –аз 19 июл то 20 августи соли равон нархи 12 намуд маҳсулоти хўрокӣ дар бозорҳои пойтахт, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ба таври зайл ба роҳ монда мешавад: як кг гўшти гов- 29 сомонӣ, гўшти говмеш- 19 сомонӣ, гўшти гўсфанд- 30 сомонӣ, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ то 8 сомонӣ, як кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, як кг шакар то 5 сомонӣ, 1 литр шир то 3 сомонӣ, як кг картошка то 2 сомонӣ, як кг сабзӣ то 2 сомонию 20 дирам, як кг пиёз то 1 сомонию 10 дирам ва нархи 1 дона тухм то 60 дирам муқаррар карда шудааст. Ин тадбир дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” роҳандозӣ гардидааст. Аз ин рў соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони бозорҳои шаҳр вазифадоранд, ки фурўши маҳсулоти мазкур аз рўи нархҳои муаяйншуда ба роҳ монда, имону инсофро фаромўш насозанд. Аз ин рў шаҳрдории Душанбе ҷиҳати риояи ин муқаррарот аз сокинони пойтахт ҳоҳиш менамояд, ки зимни мушоҳидаи вайронкунии талаботи ин санад аз ҷониби дилхоҳ соҳибкор бо муайян намудани макони бозорҳои хизматрасон ба унвонии Комиссияҳои доимии ҷамъиятӣ ё худ тавассути почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе — dushanbe80@yahoo.com муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






