Интихоби муовини аввали раиси Суди Олии кишвар
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди муовини аввали раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмудҷон Ашўровро дар иҷлосияи даҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат 19 июл ҷонибдорӣ намуданд. М. Ашўров 61 сол дошта, зодаи Душанбест. Мавсуф дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи 33 солаи корӣ буда, аз соли 1982 дар системаи судӣ фаъолият дорад. М. Ашўров дар вазифаҳои судяи суди вилояти собиқ Ленинобод, шаҳри Исфара, раиси суди шаҳрҳои Исфара, Ўротеппа ва ноҳияҳои Ғончию Зафаробод, судяи суди вилояти Суғд ва муовини раиси суди вилояти Суғд фаъолият кардааст. Аз моҳи майи соли 2010 то имрўз раиси суди ноҳияи Шаҳринав буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






