Интихоби намояндаи ММ МО ҶТ дар ША ҶТ
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров, ки ҳамзамон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурист, 19 июл дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ бо қарори марбута намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шўрои адлияи кишвар интихоб гардид. Бахтиёр Худоёров 56 сол дошта, дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст. Мавсуф ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида дар мақомоти мухталифи ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолият намудааст. Аз ҷумла, солҳои 1992-2000 дар вазифаҳои муовини вазири адлия, муовини аввали раис ва раиси Суди Олии иқтисодӣ, солҳои 2000-2004 мушовири калони Президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, солҳои 2004-2006 мудири шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҷумҳурӣ ва дар тўли шаш соли охир -2006- 2012 вазири адлияи кишвар буд. Аз моҳи январи соли равон роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҷумҳурӣ таъин гардид. Мавсуф номзади илмҳои ҳуқуқ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






