Кӯмаки «Тоҷикматлубот» дар моҳи Рамазон
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» чун анъана ҳар сол дар арафа ва давоми моҳи шарифи Рамазон барои хизматрасонии ҳар чи беҳтару бештар ва таъмини аҳолӣ бо молу маводи ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозорҳо арзонтар қарори дахлдор қабул менамояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти ҷамъияти матлуботи ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2012, ки имрӯз, 18 июл дар шаҳри Душанбе доир гардид, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ тибқи қарори Раёсат то охири моҳи Рамазон дар тамоми бозорҳои соҳа ва дар ярмаркаҳои дар ин муддат дар шаҳри Душанбе ташкилшаванда фурӯши гӯшти гов 28 сомонӣ ва бузу гӯсфанд 30 сомонӣ нархгузорӣ мешавад. Бо ин мақсад 229 сар чорвои калон ва 271 сар чорвои хурд аз ноҳияи Данғара харид шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






